Арзу шикоят Харита Ҷадвал

 

МАҚСАДИ ТАШКИЛДИҲӢ

Норасоии қатъии манбаи энергетикӣ дар ҷумҳурии мо, яке аз сабабҳои мушкилдастрас будани қувваи барқ ва ҷорӣ гаштани маҳдудият дар фаслҳои тирамоҳу зимистон гаштааст, баъзан вақт ба номунтазамӣ дар таъмини қувваи барқ дар фасли тобистон низ, сабаб мегардад. Ин муаммоҳо ба он оварда расониданд, ки қувваи барқ предмети ҳамагуна сӯистифодаҳои ғаразнок ва баҳсҳо дар сатҳҳои миллӣ ва минтақавӣ гаштааст, қувваи энергетикӣ бошад яке аз самтҳои номафҳум, гоҳо тасодуфи иқтисодиёти малакатамон гаштааст.

 

 

Аҳолӣ аз маълумоти дақиқ доир ба зарурияти баланд бардоштани нархнома бехабар ҳастанд, мо дар ҳолати сӯхтани асбоб бинобар баланд шудани шиддати қувваи барқ ҳақиқатро доир ба масъалаҳои ҷавобгарӣ  пайдо намуда наметавонем, мо намедонем кӣ ва чӣ тавр бояд ҳисобкунак, шабакаҳо, чапарак ва трансформаторҳои барқиро хизматрасонӣ намояд, мо на ҳамавақт ба ҳисобҳои барои пардохт ба мо пешниҳодмешуда боварӣ дорем. Ин аз он дарак медиҳад, ки дар ҷараёни имрӯзаи ин самти барои зиндагиямон муҳим, шаффофият бояд таъмин гардад. Ҳамаи инро ба назар гирифта, сомонаи Шабакаи маълумотии миллӣ доир ба шаффофият ва ҳисоботдиҳӣ дар соҳаи таъмини барқ «Barknest.tj» барои ҳалли масъалаҳои зерин равона карда шудааст:

-        Ҷойгиркунии ҳамарӯзаи маълумот доир ба вақтҳои барқтаъминкунӣ дар 25 ноҳияиҳои Тоҷикистон дар давраи амали маҳдудият (лимит), инчунин ҷамъоварии маълумот дар бораи хомӯшкунии қувваи барқ дар давраи мавқуф гузоштани маҳдудият (лимит);

Иттифоқи истеъмолкунандагони Тоҷикистон нисбат ба ҷоришавии маҳдудият (лимит) назари хеле манфӣ дорад, вале мавқеи объективии зеринро ишғол менамояд: «Агар дигар роҳ набошад ва маҳдудият бояд ҷорӣ гардад, он бояд шаффофу одилона бошад». Маълумоти дар инҷо ҷойгиршуда барои ҳама имконият медиҳад, ки бо вазъияти воқеӣ оид ба таъмини қувваи барқ дар мамлакатамон шинос гарданд, дар ҳолати вайронгардии ҷадвали хомӯшкунии пешниҳодгашта, барои андешидани чораҳо зарурӣ мусоидат намоянд.

-        Қабули он-лайн муроҷиатҳои шаҳрвандон доир ба масъалаҳои поймолгардии ҳуқуқҳояшон, ҳамчун истеъмолкунандагони қувваи барқ, маслиҳатдиҳии минбаъдаи ройгон, намояндагии манфиатҳои онҳо дар марҳилаҳои то судӣ ва дар суд, тайёр намудани муроҷиатҳо ба мақомотҳои дахлдор;

Танҳо шикояти худро арз намоед, ба ҳар як ҳолати муайян мо баҳои ҳуқуқӣ медиҳем ва ҳолати ба миёномадаро шарҳ медиҳем ва бо иҷозати Шумо чораҳои заруриро меандешем.

-        Ҷойгиркунӣ ва паҳнкунии маълумотҳои ҳуқуқӣ, маърифатӣ, техникӣ ва ахборот;

Дар фасли «Маводҳо ва нашриёт», Шумо метавонед маълумот ва маслиҳатҳои муфидро пайдо намоед.

-        Ташаккули муҳокимаи масъалаҳои муҳими соҳаи қувваи энергетикаи мамлакатамон.

Дар саҳифаи «Форум» мо дар якҷоягӣ метавонем масалаҳои пайдошударо муҳокима намоем, ба Шумо тариқи он-лайн ҷавоб гардонем, муаммоҳои муҳими соҳаи энергетикаро барои баррасӣ бардорем.