Арзу шикоят Харита Ҷадвал

Мо кистем?

 

 

МАЪЛУМОТИ МУХТАСАР ДАР БОРАИ

Иттифоқи Истеъмолкунандагони Тоҷикистон


…Tajik voice for consumers


ИТТИФОҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН - муассисаи ҷамъияти, ғайридавлатӣ, ғайритиҷоратӣ буда, моҳи июли соли 2002 ташкил карда шудааст.
Мақсади ташкили Иттифоқи Истеъмолкунандагон – кӯмаки ҳамаҷонибаи ҳимояи ҳуқуқ ва манфиати истеъмолкунандагон ва ташаккули бозори софдилона ва ба рақобат тобовари маҳсулот ва хизматрасонӣ дар Тоҷикистон мебошад. Афзалияти фаъолияти Иттифоқи истеъмолкунандагон дар он асос меёбад, ки ба тараққиёти муносибатҳои софдилонаи демократии бозоргони, мустаҳкамкуни ва ташаккули соҳаи соҳибкорӣ ва рақобати озод мусоидат мекунад.
Моҳи декабри соли 2007 Иттифоқи Истеъмолкунадагон бо сабаби васеъ намудани фаолияти худ аз қайди давлати ҳамчун Ташкилоти Ҷумхуриявии ҷамияти «Иттифоқи Истеъмолкунандагони Тоҷикистон» дар Вазорати Адлияи Тоҷикистон гузашт. Аз моҳи июли соли 2008 кори офисҳои доимамалкунандаи Иттифоқи Истеъмолкунандагони Тоҷикистон дар шаҳрҳои Душанбе (ассоси) ва Қӯрғонтеппа кушода шудаанд.   

Самтҳои фаъолияти Иттифоқи Истеъмолкунандагон:

  • Ташкили базаи боэътимоди қонунгузор дар соҳаи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон дар Тоҷикистон. Экспертизаи навбатии ҳуқуқии базаи қонунгузор дар соҳаи ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои истеъмолкунанда, ин пешрави ва пешниҳоди дигаргуниҳо дар қонунгузории ин соҳа мебошад.
  • «Телефонии боварӣ». Ҳимояи ҳуқуқи аҳолӣ доир ба масъалаҳои ҳимояи ҳуқуқи онҳо ҳамчун истеъмолкунанда, бо тавассути «телефонии боварӣ» ва дар Маркази Консултасионии Иттифоқи Истеъмолкунандагон.
  • Тараққиёти шаҳрӣ. Ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои истеъмолкунандагон дар робитаҳо бо таъминкунандагони хизматрасонии манзили – коммуналӣ дар шаҳрҳои Тоҷикистон, коркард ва пешравии моделҳои бозоргонии идоракунии хоҷагии манзили-коммуналӣ.
  • Баланд бардоштани маърифатнокии ҳуқуқи аҳолӣ. Гузаронидани корҳои равшаннамои байни аҳолии доир ба ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон, бо воситаи гузаронидани семинарҳо, тренингҳо, тавассути баромадҳо тариқи иттилооти оммавӣ.
  • Ташкили системаи маълумоти истеъмолкунандагӣ дар мактабҳо (Educating tomorrow’s consumers today). Коркард ва ҷорӣ кардани нақшаҳои маълумоти истеъмолкунандагӣ дар мактабҳои Тоҷикистон.
  • Мустаҳкамкунии муносибатҳои ҳамкорӣ. Кооператсияи зич бо ташкилотҳои истеъмолкунандагони ИДМ бо тамоми ҷаҳон, фаъолияти якҷоя ва мубодилаи таҷриба дар соҳаи ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои истеъмолкунандагон.

Суроғаи мо:
Дар шаҳри Душанбе:
734002
ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 137,
офиси 501 (дар бинои Тоҷикматлубот)
Тел. + 992 (37) 224 14 11
Тел.факс + 992 (37) 224 14 04
E-mail: Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript

Дар шаҳри Хуҷанд:
735716
ш. Хуҷанд, маҳ. 28, бинои 1, офиси 401
Тел. факс: +992 (3422) 5 55 52
E-mail: Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript

Дар шаҳри Кӯрғонтеппа
735140
ш. Кӯрғонтеппа, кӯч. Сино, 4
Тел.факс: +992 (3222) 2 94 62
E-mail: Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript

Мо доим барои ҳамкорӣ тайёр ҳастем!