Арзу шикоят Харита Ҷадвал

Cомонаи мо

МЕҲМОНОНИ ГИРОМӢ!

Шуморо ба сомонаи Шабакаи Миллӣ оид ба таъмини шаффофият ва ҳисоботдиҳӣ дар соҳаи таъмини барқ «Barknest.tj», ки манбаи маърифатии ғайритиҷоратии Иттифоқи истеъмолкунандагони Тоҷикистон мебошад, хайрамақдам мегӯем.

 

МАҚСАДИ ТАШКИЛДИҲӢ

Норасоии қатъии манбаи энергетикӣ дар ҷумҳурии мо, яке аз сабабҳои мушкилдастрас будани қувваи барқ ва ҷорӣ гаштани маҳдудият дар фаслҳои тирамоҳу зимистон гаштааст, баъзан вақт ба номунтазамӣ дар таъмини қувваи барқ дар фасли тобистон низ, сабаб мегардад. Ин муаммоҳо ба он оварда расониданд, ки қувваи барқ предмети ҳамагуна сӯистифодаҳои ғаразнок ва баҳсҳо дар сатҳҳои миллӣ ва минтақавӣ гаштааст, қувваи энергетикӣ бошад яке аз самтҳои номафҳум, гоҳо тасодуфи иқтисодиёти малакатамон гаштааст.

 

СОМОНА ЧӢ ТАВР КОР МЕКУНАД?

Ба диққати Шумо – се тугмача, барои масъалаҳои зерин мададгор хоҳанд шуд:

Тугмачаи «Арзи шикоят». Онро пахш намуда,  минтақаро интихоб кунед ва дар саҳифаи пайдошуда арз ва ё муроҷиати худро доир ба ҳолатҳои поймолгардии ҳуқуқҳои Хеш, ҳамчун истеъмолкунанда фиристед, мо ҳатман ба Шумо кӯмак мерасонем.

Тугмачаи «Харита». Мехоҳед  вазъиятро доир ба таъмини қувваи барқ дар ҷумҳурӣ, дар  минтақаҳо пайдо намоед, пас ин тугмачаро пахш кунед, харита пайдо хоҳад шуд, санаро интихоб намоед ва маълумотро оид ба вазъият дар санаи интихобкардаатон пайдо намоед, минтақаро интихоб намуда, Шумо метавонед вазъиятро дар минтақаҳо пайдо кунед. Аз рӯи интихоб Шумо метавонед вазъияти минтақаҳоро дар алоҳидагӣ бубинед. Ноҳия ва минтақаҳо бо рангҳое рӯйпӯш карда шудаанд, ки мутобиқи онҳо вазъияти хуб ва бадро оид ба таъмини қувваи барқ муайян кардан мумкин аст.

Тугмачаи «Ҷадвал». Чунин маълумотҳоро низ оид ба таъмини қувваи барқ Шумо метавонед дар шакли ҷадвал пайдо намоед. Сана, давра, минтақа ва ё минтақаҳоро  интихоб намоед ва маълумотро барои як, ду, се моҳ аз лаҳзаи корбарии сомона, дарёфт кунед.

ТОҶИКИСТОНРО ЯКҶОЯ ДУРАХШОН МЕКУНЕМ!

25 ноҳия ин тамоми Тоҷикистон нест. Мо ҳоло аз 60 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳуриямон, танҳо 25  ноҳияро дарбар гирифта тавонистему халос. Хеле хушнуд мешудем, агар намояндагони ноҳияҳои дарбар нагирифта, ташаббус зоҳир намуда, ба мо маълумотро оид ба вазъият дар ноҳияҳояшон пешкаш менамуданд, то ки мо ин маълумотҳоро низ, пешкаш намоем. Бо мо тамос кунед, то ки ба Шумо муфассал оид ба ҳамкорӣ бо мо хабар диҳем, аз васеъшавӣ ва дарбаргирии ҳамаи гӯшаҳои «торики» мамлакатамон, хеле хушнуд хоҳем шуд. Тоҷикистонро якҷоя дурахшон мекунем!